Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кумакпулии яквақта дода мешавад, ки аз андозаи музди меҳнати корманди фавтида бояд камтар набошад.

15.4. Муайян кардани андозаи зарар

Муайян кардани андозаи зарар яке аз асосҳои аввалиндараҷаи ҷалби субъект ҷиҳати ҷуброни зарар ба ҳисоб рафта, ба ҳеҷ ваҷҳ бе муайян кардани андозаи зарар шахсро барои ҳисобу китоби ҷуброни зарар маҷбур кардан мумкин нест. КМ ҶТ муқаррар намудааст, ки андозаи зарари ба корфармо расонидашуда аз рӯи талафоти воқеӣ дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибӣ муайян карда мешавад (моддаи 192 КМ ҶТ).

Ҳангоми камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анчом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додаудаи корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зарар аз рӯи нархи бозории маҳаллии мазкур дар рӯзи расонидани зарар (аммо на камтар аз арзиши тавозунӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии молу мулк) ҳисоб карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар андозаи зарар бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рӯзи расонида шудани зарар мавҷуд аст, ҳисоб карда мешавад.

Тартиби махсуси муайян намудани андозаи ҷуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо роҳи камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анчом, либосҳои махсус

пешина
аз 496
навбатӣ