Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола - на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;
  • барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;
  • барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил ҳам кор ва ҳам таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - 3,5 соат дар як рӯз.

Корфармо ҳуқуқ надорад, ки давомнокии кори ҳафтаинаи барои ноболигон муқарраршударо, зиёдтар намояд. Ҳамзамон, корфармо метавонад вобаста ба шароити кор ва вазъи иқтисодии ташкилот, давомнокии ниҳоии кори ҳафтаинаи барои ноболигон муқарраршударо, кӯтоҳтар намояд. Давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ на танҳо барои кам кардани музди меҳнат, инчунин барои кӯтоҳ намудани давомнокии рухсатии меҳнатии ноболигон асос шуда наметавонад.

КМ ҶТ кафолати музди кори кормандони аз ҳаждаҳсола хурдро пешбинӣ намудааст, ки мутобиқи он новобаста аз кӯтоҳ будани вақти кори ҳаррӯзаи ноболигон, ба онҳо ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори давомнокии кори ҳаррӯзаашон пурра, дода мешавад.

Меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида аз рӯи меъёрҳои умумии коркард баробар ба кормандони рӯзи кори кӯтоҳкардашуда, муқаррар карда мешаванд. Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор дохил шудаанд, инчунин аз таълими касбӣ

пешина
аз 496
навбатӣ