Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
дар истеҳсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард муқаррар карда шавад.
Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рӯзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд. Барои кормандони ноболиғ, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор қабул шудаанд, инчунин аз таълими касбӣ дар истеҳсолот гузаштаанд, меъёри пасти коркард муқаррар намудан мумкин аст. Корфармо ҳуқуқ дорад, ба кормандони ноболиғ то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии рӯзи пурраи коридошта, иловапулӣ диҳад.
Қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба корҳои шабона, изофакорӣ, корҳои ваҳтавӣ, ба кор дар истироҳат ва ид ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида, ба сафари хизматӣ фиристонидан, инчунин бозхонди онҳоро аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда, манъ намудааст.
Инчунин бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.
16.2. Хусусияти танзими меҳнати занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ
Муҳтавои муқаррароти қонунгузорӣ оид ба меҳнат дар танзими меҳнати занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, асосан аз зарурати таъмини шароит барои иҷрои вазифаҳои модарии занон ва ҳифзи саломатии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор