Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

модару кӯдак бо дарназардошти махсусиятҳои организми онҳо бармеояд.

Аз рӯи лиҳози таркиби субъектӣ ин категорияи кормандонро метавон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо намуд:

  • занони ҳомила;

  • заноне, ки кӯдаки то 3 сола доранд;

  • заноне, ки кӯдаки маъюб доранд;

  • шахсоне, ки уҳдадории оилавӣ доранд;

  • шахсоне, ки кӯдаки бемодарро тарбия мекунанд.

Бо дарназардошти мақоми иҷтимоии онҳо, дар КМ ҶТ (боби 16) барои ин категорияи кормандон як қатор имтиёзу кафолатҳо пешбинӣ шудааст. Кафолатҳои барои ин категорияи кормандон муқарраркардаи КМ ҶТ бояд аз ҷониби корфармо таъмин карда шаванд ва сатҳи онҳоро корфармо наметавонад бо ташаббуси худ ва бе розигии корманд коҳиш диҳад.

Бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо зани ҳомила, занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ кӯдаки то се сола ё кӯдаки маъюб доранд, роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои барҳамхӯрии ташкилот. Ҳангоми барҳамхӯрии ташкилот низ қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз ҳатман бо кор таъмин намудани онҳо иҷозат дода мешавад. Шахсони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхӯрда, бояд бо кор таъмин намояд ва дар сурати набудани ворисон бошад, ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ёрӣ ҳатмӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кӯмакпулиҳои муқарраршудаи қонунгузории Ҷумҳурии

пешина
аз 496
навбатӣ