Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Тоҷикистон таъмин менамояд. Корфармо ин шахсонро, инчунин дар ҳолати қатъи шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани муҳлати он бояд бо кор таъмин намояд. Дар ин давра, ба муҳлати то се моҳ пас аз анҷоми муҳлати шартномаи меҳнатӣ, музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Агар зан дар рӯзи ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ дар хусуси зиёда аз дувоздаҳ ҳафта ҳомиладор буданаш хулосаи тиббӣ пешниҳод намояд, онгоҳ корфармо уҳдадор аст, ки муҳлати шартномаи меҳнатиро то рӯзи ба итмом расидани рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидани ӯ, дароз намояд.
КМ ҶТ дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифода намудани меҳнати занонро манъ кардааст. Рӯйхати мушаххаси чунин корҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, № 179 «Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад», тасдиқ шудааст. Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристанад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.
Ҳамчунин бе розигии хаттии шахсони зерин ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вақтавӣ ҷалб намудан ва ба сафари хизматӣ фиристонидани онҳо иҷозат дода намешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор