Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-
заноне, ки кӯдаки то синни чордаҳ доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кӯдаки то синни чордаҳсоларо бе модар тарбия мекунанд;
-
кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд ё кӯдакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кӯдакони маъюб дар асоси хулосаи тиббӣ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд бошанд.
Занон, ки кӯдаки то якунимсола доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки то якунимсоларо бе модар тарбия мекунанд дар баробари танаффус барои истироҳат ва тановул, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ҳуқуқ ба танаффус барои ғизо додан ба кӯдак баъди ҳар се соати кор бо давомнокии зеринро доранд:
-
барои як кӯдак - на кам аз сӣ дақиқа;
-
барои ду ё зиёда кӯдак - на кам аз як соат.
Танаффус барои ғизодиҳӣ ба кӯдак (кӯдакон) дар асоси аризаи кормандони зикршуда ба танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок ҳамроҳ карда мешавад ё ин ки дар маҷмӯъ дар аввал ё дар охири рӯзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори вақти корӣ, дода мешавад.
Қонунгузорӣ танаффуси барои ғизодиҳӣ ба кӯдак (кӯдакон) пешбинишударо ба вақти корӣ дохил мекунад ва барои ин давра музди меҳнати зан ё дигар намояндаи қонунии кӯдак дода мешавад.
Қонунгузор тартиби истифода намудани танаффусҳо барои ғизодиҳӣ ба кӯдакро ба салоҳдиди зан ва шахсони дорои уҳдадории оилавӣ вобаста кардааст. Корфармо метавонад танаффусҳои мазкурро бо хоҳиши ӯ (зан) ба танаффусҳои ба мақсади дамгирӣ ва тановул таъйиншуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор