Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-ба бибӣ, бобо, дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;
-ба корманд, ки кӯдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст.
Рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба сесолагӣ метавонад пурра ё қисман дар асоси аризаи хаттии корманд, аз рӯи интихоби ӯ истифода карда шавад.
Ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кӯдак будан, зан ё шахсони дар боло зикршуда метавонанд рӯзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулӣ гиранд.
Дар давраи дар рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидани ӯ ба сесолагӣ будани корманд ҷойи кори (мансаби) ӯ нигоҳ дошта мешавад.
Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рӯи тахассус дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Дар навбати худ корманд ӯҳдадор аст, як моҳ қабл аз оғози кор корфарморо дар бораи хоҳиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии немузд барои нигоҳубини кӯдаки то сесола огоҳ намояд.
Қонунгузории меҳнат (моддаи 225 КМ ҶТ) барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул намудани онҳо низ кафолатҳоро пешбинӣ намуда, ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор