Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳоро ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ манъ кардааст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кӯдаки то сесола ё кӯдаки маъюб доранд, корфармо уҳдадор аст, ки ба онҳо дар бораи сабабҳои ба кор қабул накаданашон хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.

Инчунин, занонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи квотаи муқарраршуда ба кор мефиристад, бояд корфармо ба кор қабул намояд.

Дар сурати аз ҷониби корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандхонд намудан ба корманд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва ҳангоми таҳти васиятӣ қабул кардани кӯдакони навзод бошад, яксаду даҳ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак рухсатӣ дода, кӯмакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохт карда мешавад. Илова бар ин бо хоҳиши чунин корманд барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба синни якунимсолагӣ ва синни сесолагӣ (моддаи 224 КМ ҶТ) рухсатӣ дода мешавад.

Қонунгузории меҳнат, тамоми кафолат ва имтиёзҳои зани кӯдакдорро нисбати падароне, ки кӯдакро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), инчунин нисбати васии (парасторӣ) кӯдакон татбиқ менамояд.

пешина
аз 496
навбатӣ