Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

16.3. Хусусияти танзими меҳнати кормандонӣ дар ду
(яқчанд) ҷой коркунанда

Дар ду (яқчанд) ҷой кор кардан – ин шакли кори иловагие мебошад, ки тибқи он шахс дар давраи фориг аз вақти кори асосӣ, кори дигари пардохтшавандаи мунтазамро иҷро мекунад. Дар шароити дуҷоякорӣ корманд метавонад ҳам дар назди корфармои асосӣ ва ҳам дар назди корфармои дигар кор кунад. Хусусиятҳои танзими меҳнати кормандоне, ки дар ду (яқчанд) ҷой кор мекунанд дар боби 17 КМ ҶТ танзим шудаанд.

Барои дар ду (яқчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷойи кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (яқчанд) ҷой кор кардан, ӯ ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳоро аз рӯи қоидаҳои умумӣ (моддаи 26 КМ ҶТ) пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зарарноку хатарноки меҳнат қабул намудан бо тартиби дар ду (яқчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд уҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити меҳнат дар ҷойи кори асосӣ, маълумот пешниҳод намояд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, № 122 «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъӣ ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои категорияи алоҳидаи кормандон шартҳои иловагии кор дар ду (яқчанд) ҷой, муайян шудаанд. Тибқи қарори мазкур ба омӯзгорони мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти

пешина
аз 496
навбатӣ