Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

умумӣ, боғчаҳои бачагон, кормандони муассисаҳои фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра ҳуқуқи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан дода шудааст. Давомнокии вақти кори чунин шахсон дар ҷойи дуюми кор набояд аз чор соат зиёд бошад, ғайр аз иҷрои чунин кор дар рӯзҳои истироҳат, инчунин дар давраи дар рухсатӣ будани онҳо.

Ҳамзамон қонунгузорӣ маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор карданро низ пешбинӣ намудааст (моддаи 229 КМ ҶТ). Аз ҷумла, дар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд аст, дар ду вазифаи (мансаби) роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани як шахс дар мансаби (вазифаи) роҳбарикунанда, мансаби роҳбари муассиса, муовини (муовинони) ӯ, роҳбарон ва муовинони воҳидҳои таркибии муассиса (сардори раёсат, департамент, шуъба ва ғайра), роҳ дода намешавад.

Тибқи моддаи 27 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» хизматчиёни давлатӣ наметавонанд дар ду (якчанд) ҷой кор кунанд, ба ғайр аз машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ.

Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнатии зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст. Инчунин, бо шарти дар ду (якчанд) ҷой ҳамроҳ кор кардани хешовандони наздик дар ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияташон ба тобеияти якдигар алоқаманд аст, мумкин нест.

Муносибатҳои меҳнатӣ бо чунин кормандон бояд бо шартномаи меҳнатӣ ба расмият дароварда шавад. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд бо шарти дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.

пешина
аз 496
навбатӣ