Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои бо дигар корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ ба шарти дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, илова ба ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи моддаи 26 КМ ҶТ, корманд бояд дар бораи хусусият ва шароити меҳнатии ҷойи кори асосӣ (ҷойи кор, вазифа (мансаб), шароити меҳнат) маълумотнома пешниҳод намояд.

Давомунокии умумии рӯзи корӣ ба шарти дар ду (якчанд) ҷой кор кардан набояд аз 4 соат зиёд бошад.

Тибқи моддаи 233 КМ ҶТ ба кормандоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ дар ду (якчанд) ҷой фаъолият менамоянд, рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола бо рухсатии меҳнатӣ аз ҷойи кори асосиашон дар як вақт пешниҳод карда мешавад. Агар давомунокии рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз давомунокии рухсатии ҷойи кори асосӣ камтар бошад, корфармо бо хоҳиши корманде, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунад фарқияти давомунокии рӯзҳои рухсатиро ба ӯ ҳамчун рухсатии бемузд пешниҳод менамояд.

Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, ба ғайр аз асосҳои умумӣ, инчунин бо чунин асосҳо бекор карда мешавад:

  1. ба кор қабул намудани корманди доимӣ;

  2. мавҷуд набудани кори муштарак вобаста бо шароити махсус ва низоми меҳнат. Зимни бо ин асосҳо қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии кумитаи иттифоқи касаба талаб карда намешавад;

  3. бо корманди муштараккор бастани шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кори асосӣ. Ҳангоми аз кор озод намудали

пешина
аз 496
навбатӣ