Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
муштараккор, ба ӯ кӯмакпулӣ барои рӯзҳои истироҳат пардохта намешавад.
16.4. Танзими меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд
Муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, хусусияти ба худ хос доранд. Ба танзими меҳнати чунин кормандон боби 18 КМ ҶТ бахшида шудааст.
Тибқи таснифот шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ аз рӯи дараҷаи зарарнокӣ ва хатарнокӣ ба 4 гурӯҳ тақсим карда мешавад17:
-
гурӯҳи 1 шароити муносиби (оптималии) меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он таъсири омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ ба саломатии корманд вуҷуд надорад ё дараҷаи таъсири онҳо аз дараҷае, ки меъёрҳои (меъёрҳои гигиении) шароити меҳнат муқаррар кардааст ва барои инсон бехатар дониста шудаанд, зиёд намебошад ва барои нигоҳдории дараҷаи баланди қобилияти кории кормандон заминаи мусоид фароҳам меорад;
-
гурӯҳи 2 шароити ҷоизи меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он ба корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи
17 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020, № 458 «Дар бораи Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор