Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таъсири онҳо аз дараҷае, ки меъёрҳои (меъёрҳои гигиенинии) шароити меҳнат муқаррар кардааст, зиёд намебошад
ва ҳолати функционалии тағйироти организми корманд
дар вақти истироҳати муқарраршуда ё то ибтидои рӯзи
(баст) ояндаи корӣ барқарор мешавад;

  1. гурӯҳи 3 шароити зарарноки меҳнат - ин шароити меҳнатӣ, ки ҳангоми он дараҷаи таъсири омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ аз дараҷае, ки меъёрҳои (меъёрҳои гигиении) шароити меҳнат муқаррар кардааст, зиёд мебошад, аз ҷумла:
  • зергурӯҳи якуми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба
    саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки
    истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва ҳолати функционалии
    тағйирёфтаи организми корманд маъмулан то оғози рӯзи
    (басти) ояндаи кории қатъ ёфтани таъсири ин омилҳо
    нисбатан дер барқарор мешавад ва хавфи аз даст додани
    саломатӣ бештар мегардад;

  • зергурӯҳи дуюми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба
    саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки
    истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо
    метавонад дар организми корманд тағйироти функционалии устуворро ба вуҷуд оварда, ба пайдоиш ва авҷгирии
    шаклҳои ибтидоии бемориҳои касбӣ ва ё бемориҳои
    касбии дараҷаи вазниниаш сабук (бе аз даст додани
    қобилияти касбии корӣ), ки баъди экспозитсияи тӯлонӣ
    (понздаҳ сол ё бештар аз он) пайдо мешавад, сабаб мегардад;

  • зергурӯҳи сеюми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба
    саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки
    истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо

пешина
аз 496
навбатӣ