Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

метавонад дар организми корманд тағйироти функционалии устуворро ба вуҷуд оварда, ба пайдоиш ва авҷгирии бемориҳои касбии дараҷаи вазниниаш сабук ва миёна (бо аз даст додани қобилияти касбии корӣ) дар давраи фаъолияти меҳнатӣ сабаб мегардад;

  • зергурӯҳи чоруми шароити меҳнат, ки ҳангоми он ба саломатии корманд омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо метавонад ба пайдоиш ва авҷгирии шаклҳои вазнини бемориҳои касбӣ (бо аз даст додани қобилияти меҳнатӣ дар маҷмӯъ) дар давраи фаъолияти меҳнатӣ сабаб мегардад;
  1. гурӯҳи 4 шароити хатарноки меҳнат - ин шароити меҳнате, ки ҳангоми он омилҳои зарарнок ва (ё) хатарноки истеҳсолӣ ба саломатии корманд таъсир мерасонанд ва дараҷаи таъсири онҳо дар тамоми давраи рӯзи (басти) корӣ ё қисми он метавонад ба ҳаёти корманд хатарнок бошанд ва оқибати таъсири омилҳои мазкур хавфу хатари баланди авҷгирии бемории шадиди касбиро дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоранд.

Бояд қайд намуд, ки шароити меҳнати вазнин, зарарнок ва зеризаминӣ дар натиҷаи аттестатсияи ҷойҳои корӣ муайян карда мешавад. Ба ҳар як ҷойи корӣ (ё гурӯҳи ҷойҳои корӣ аз рӯи хусусияти корҳои иҷрошаванда шабеҳ) харитаи аттестатсияи ҷойи (ҷойҳои) корӣ аз рӯи шароити меҳнат тартиб дода мешавад.

Тибқи муқаррароти КМ ҶТ (моддаи 236) он барои ин гуна кормандон давомнокии вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад. Рӯйхати мушаххаси истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо (мансабҳо), номгӯи корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок,

пешина
аз 496
навбатӣ