Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда ҳуқуқ медиҳад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, №521, бо тағйиру иловаҳо аз 30 декабри соли 2007, №658 ва аз 31 декабри 2014, №794 тасдиқ гардидааст.

Вақти кӯтоҳи корӣ ва рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити меҳнати вазнин, зарарнок ва зеризаминӣ, ба кормандоне муқаррар карда мешавад, ки онҳо дар шароити зарарноки меҳнат на камтар аз нисфи рӯзи кории кӯтоҳи барои кормандони ҳамин истеҳсолот, коргоҳ, ихтисос ё вазифа пешбинигардида, машғул бошанд.

Агар кормандон дар давоми рӯзи корӣ ба корҳои гуногуни дорои шароити меҳнати вазнин, зарарнок ва зеризаминӣ машғул буданд, ки барои ин корҳо рӯзи кории давомунокиаш гуногун муқаррар карда шуда, ба ҳисоби умумӣ дар ин қитъаҳо қисми зиёди муҳлати рӯзи кории кӯтоҳ кор кардаанд, рӯзи кории онҳо аз 6 соат зиёд буда наметавонад.

Рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити меҳнати вазнин, зарарнок ва зеризаминӣ, танҳо ба он кормандоне дода мешавад, ки бевосита дар шароити мазкур кор мекунанд. Ба собиқаи корӣ барои гирифтани рухсатии иловагӣ вобаста ба шароити меҳнати вазнин, зарарнок ва зеризаминӣ, танҳо он вақти коре дохил мешавад, ки тибқи нишондиҳандаҳои номгӯи тасдиқшуда, новобаста аз соҳа бо чунин шароитҳо рост омада бошад. Рухсатии иловагии мазкур чун қоида якҷоя бо рухсатии асосии ҳарсола ва бо давомнокии пурра вақте дода мешавад, ки корманд дар шароити мазкур дар соли корӣ на камтар аз 11 моҳ кор карда бошад. Дар сурати аз 11 моҳ камтар будани давраи кори корманд дар чунин

пешина
аз 496
навбатӣ