Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шароити меҳнат, рухсатии иловагӣ ба ӯ мутаносибан ба муддати вақти кориаш дода мешавад.

Ба иваз намудани рухсатии иловагии мазкур ба ҷуброни пулӣ роҳ дода нашуда, он танҳо ҳангоми аз кор озод гар- дидани корманд имкон дорад.

Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зери- заминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, дар фарқият аз музди меҳнати кормандоне, ки дар корҳои шаро- ити меҳнаташон муқаррарӣ фаъолият менамоянд, бо роҳи баланд бардоштани маоши вазифавӣ ва ё иловапулӣ, вале на кам аз муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои соҳавӣ ва ё шартномаҳои коллективӣ, ки дар асоси андозаи музди меҳнати камтарин пешбинӣ намудаанд, муқаррар карда мешавад (моддаи 237 КМ ҶТ).

Ба кормандони ташкилот вобаста ба шароити меҳнат аз ҳисоби маблағҳои корфармо либос ва пойафзоли махсус, ди- гар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, моддаҳои шустушӯй ва тамиз, шир, хӯроки табобатию пешгирикунанда дода ме- шаванд, ки аз меъёри муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам буда наметавонанд (моддаи 238 КМ ҶТ).

Меъёрҳои мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2014, № 592 «Дар бораи ко- идаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табо- батию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифзати фардӣ, таъмин намудани корман- дон бо воситаҳои ҳифзати коллективӣ, биноҳои санитаю майишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо» муқаррар шудаанд. Масалан, тибқи қоидаҳои мазкур воси- таҳои ҳифзати фардӣ дар вақти ба кор қабул кардан, ба

пешина
аз 496
навбатӣ