Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кори дигар гузаронидани корманд ё худ гузаштани муҳлати истифодабарии ин воситаҳо, дода мешаванд. Муҳлати истифода бурдани воситаҳои ҳифзати инфиродӣ тибқи тақвим муайян шуда, аз рӯзи воқеан ба корманд дода шуданашон ҳисоб карда мешавад. Воситаҳои ҳифзати фардӣ бояд сертификатсия шуда бошанд, пӯшиданашон қулай бошад, ба ҳаракат халал нарасонанд, ба кормандон аз рӯи андозаи мувофиқ дода шаванд.

Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифзати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

16.5. Танзими меҳнати кормандоне, ки бо корҳои мавсимӣ машғуланд

Дар шароити иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳое, ки мавсими муайяни сол бояд иҷро карда шаванд, хеле зиёданд, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ. Аз ин рӯ, танзими меҳнати кормандони мавсимӣ хеле муҳим буда, дар КМ ҶТ дар ин хусус боби алоҳида (19) пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 239 КМ ҶТ корҳое, ки вобаста ба шароитҳои иқлимӣ ва ё дигар ҳолатҳои табиӣ дар давраи муайян (мавсим), дар муддати на зиёда аз шаш моҳ иҷро карда мешаванд, ҳамчун корҳои мавсимӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ду аломати асосии фарқкунандаи

пешина
аз 496
навбатӣ