Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ӯҳдадор аст, ба таври хаттӣ корманди мавсимиро дар бораи бекор намудани шартномаи меҳнатӣ 7 рӯз қабл огоҳ намояд. Ҳангоми бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ, аз ҷониби корфармо рухсатии истифоданашудаи ӯ барои корҳои мутаносибан иҷрошуда ҷуброн карда мешавад.

Ҳангоми бо корманди мавсимӣ бо сабаби барҳамхӯрии ташкилот, ихтисори шумора ва ё воҳиди кории кормандон бекор намудани шартномаи меҳнатӣ ба ӯ кӯмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми музди миёнаи меҳнати якмоҳа пардохта мешавад.

16.6 Хусусияти танзими меҳнати кормандони бо усули вахтавӣ коркунанда

Хусусияти танзими меҳнати кормандони бо усули вахтавӣ коркунанда дар моддаҳои 243-246 КМ ҶТ пешбинӣ шудааст. Корҳои дорои усули вахтавӣ - шакли махсуси пеш бурдани раванди меҳнат буда, берун аз ҷойи истиқомати доимии кормандон иҷро карда мешавад (ҷойи кор аз ҷойи истиқомати доимӣ бояд на кам аз 30 километр дуртар ҷойгир бошад) ва онҳо баъд аз кор барои баргаштан ба ҷойи доимии истиқоматиашон имконият надоранд.

Одатан усули вахтавӣ ҳангоми дур будани қитъа (иншоот) - хои истеҳсолӣ аз макони ҷойгиршавии ташкилот, аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок набудани иҷрои корҳо бо усули маъмул, инчунин бо мақсади коҳиши муҳлати сохтани иншооти дорои таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ дар ноҳияҳои дурдасту камаҳолӣ ва дар ноҳияҳои дорои суръати баланди кор ҳангоми таъмин

пешина
аз 496
навбатӣ