Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

набудани ноҳияи мазкур бо захираҳои дахлдори меҳнатӣ истифода бурда мешавад.

Қарор оид ба ҷорӣ намудани усули ваҳтавии ташкили кор аз ҷониби роҳбарияти ташкилот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба, бо иҷозати мақомоти болоӣ дар асоси ҳисобҳои техникию иқтисодӣ бо дарназардошти самарабахшии истифодабарии он нисбат ба усулҳои дигари пешбурди кор қабул карда мешавад. Корфармо уҳдадор аст кормандонеро, ки бо усули ваҳтавӣ кор мекунанд, дар маҳалли кор бо ҷои хоб, хӯрок, бурдан то ҷои кор ва бозгашт аз он, инчунин бо шароити зарурии истироҳат таъмин намояд.

Ҳайати бастии ваҳтавӣ дар давраи дар қитъаи (иншооти) шаҳракҳои ваҳтавӣ будан, бояд дар шаҳракҳои ташкилнамудаи саҳроии махсус муҷаҳҳазгардонидашудаи ба иморатҳои зист монанд зиндагӣ намоянд. Масъулият барои ташкили нигоҳдории шаҳракҳои ваҳтавӣ, хизматрасонии маишӣ, корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ-оммавӣ барои истиқоматкунандагон ба зиммаи маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхонае, ки шаҳракҳои ваҳтавӣ дар тавозуни он мебошад, вогузор карда мешавад. Аз ҷониби маъмурияти ҳамин ташкилотҳо дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба қоидаҳои тартиботи хизматрасонии дохилӣ барои ҳамаи истиқоматкунандагони шаҳракҳои мазкур, тасдиқ карда мешавад.

Ба чунин корҳо кормандони синашон ба 18 нарасида, занони ҳомиладор, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 инчунин, кормандоне, ки тибқи хулосаи тиббӣ ҷалби онҳо ба

пешина
аз 496
навбатӣ