Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корҳои дорои усули вахтавӣ манъ иҷозат дода намешаванд (моддаи 244 КМ ҶТ). Давомнокии вахта аз 15 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Бо розигии хатии корманд, мутобиқи созишнома, шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ давомнокии вахта метавонад то 30 рӯзи тақвимӣ зиёд карда шавад (моддаи 245 КМ ҶТ). Корфармо ӯҳдадор аст, ки ҳисоби вақти кор ва вақти дамгирии кормандонро дар корҳои бо усули вахтавӣ, ҳар моҳ, алоҳида ва дар тамоми давраи ҳисоботӣ ба роҳ монад.

Корҳои вахтавӣ тибқи ҷадвали махсуси меҳнатӣ, чун қоида бо баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ ташкил карда шуда, истироҳати байнивахтавӣ бошад, дар макони зисти доимӣ пешниҳод мегардад. Ҷойивазкунии кормандон бо сабаби тағйир ёфтани қитъаи (иншооти) корӣ, гузариш ба кори дигар ҳисобида намешавад ва бо розигии корманд амалӣ карда мешавад.

Агар ба корманд берун аз макони истеҳсолӣ, хонаи истиқоматии ройгон дода нашавад ва агар ӯ имконияти ҳар рӯз ба ҷойи истиқомати доимӣ баргаштанро надошта бошад, хароҷоти кирои манзил мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷуброни хароҷот ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешаванд.

Барои кормандоне, ки бо корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ дар сохтмон, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои қиматбаҳо, саноати ангишт, истеҳсоли барқ, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, корҳои кофтуковӣ,

пешина
аз 496
навбатӣ