Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
- мураббӣ
- омӯзгори инфиродӣ (репетитор)
- ошпаз
- пешкор (хоҷагидор ё иқтисодчии хонагӣ)
- посбон
- ронанда
- хизматгори хона
- чӯпон (дахмарда, подабон, галабон)
- табиби оилавӣ ё шахсӣ
Танзими меҳнати кормандони хонагӣ тибқи моддаҳои 247, 248, 249, 250 ва 251 КМ ҶТ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, дастурамали мазкур, дастурамалҳои соҳавӣ (вобаста ба намудҳои корҳои хонагӣ) ва шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои хонагӣ, сурат мегирад.
Фаъолияти меҳнатии кормандони хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад (м.247 КМ).
Намунаи шартномаи меҳнатӣ байни корманди хонагӣ ва корфармо – шахси воқеӣ, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шудааст.
Корфармо – шахси воқеӣ бояд шартномаи меҳнатиро бо корманде, ки корро дар хонаи ӯ иҷро мекунад, дар шакли хаттӣ ба расмият дароварда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ онро дар мақомоти маҳаллии андоз ба қайд гирад ва аз қайд барорад.
Дар шартномаи меҳнатии байни корманди хонагӣ ва корфармо – шахси воқеӣ басташуда, хусусиятҳои хоси танзими меҳнати кормандони хонагӣ, ки дар хоҷагии корфармо – шахси воқеӣ кор мекунанд, инъикос ёфта, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор