Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
он реҷаи кор, тартиби додани рӯзҳои истироҳат, рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохшаванда, ба изофакорӣ, кор дар вақти шабона, рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, ҷалб намудани кормандони хонагӣ, инчунин, ҷои кор (хона ё воҳидҳои муайян), олоти меҳнати кормандони хонагӣ, вазифаи меҳнатӣ, тартиб ва муҳлати иҷрои ин корҳо, дигар шароитҳои меҳнат, ҳисоби кори иҷрошуда ва ҳаҷми музди меҳнати корманди хонагӣ дарҷ мегарданд.
Нисбати кормандони хонагӣ меъёрҳои ниҳоии давомнокии вақти корӣ ва давомнокии аққали вақти дамгирӣ, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, паҳн мегарданд.
Собиқаи кории кормандони хонагӣ (барои онҳо дафтарчаи меҳнатӣ бурда намешавад) бо шартномаи меҳнатии байни онҳо ва корфармо — шахси воқеӣ басташуда, ки дар он санаи оғози фаъолияти меҳнатӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохти андози даромад ва андози иҷтимоӣ манзур гардидааст, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №668 «Дар бораи тасдиқи Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ менамояд» ба ҳисоб гирифта мешавад.
Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ нисбати корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
Баҳсҳои меҳнатии фардӣ байни корманди хонагӣ ва корфармо бо мувофиқаи тарафҳо ва ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор