Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муҳлати огоҳии хаттӣ оид ба бекор (қатъ) кардани шартномаи меҳнатӣ, андозаи ҷуброн ва тартиби пардохти он бо корманди хонагӣ дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

Қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ дар асоси муқаррароти пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ, бо риояи талаботи КМ ҶТ ба амал бароварда мешавад.

Корфармо — шахси воқеӣ метавонад шароити ташкили меҳнати (хизмати) кормандони хонагиро такмил диҳад, асбобҳо ва механизмҳои нисбатан мукаммалтарро, ки имкони бехатарӣ ва нисбатан сабуктар гардонидани меҳнат ва беҳтар шудани сифати кори онҳоро медиҳанд, аз рӯи имконият таъмин намояд.

Ба шаҳрвандони ба кор қабулшаванда, ки дар мавзеи муайяншуда, дар хонаи шахсони воқеӣ кор (хизмат) менамоянд, тибқи тартиби муайяншуда пеш аз ба кор қабулшавӣ оид ба ҳифз ва бехатарии меҳнат дастур дода мешавад. Дастурдиҳӣ аз ҷониби корфармо гузаронида мешавад. Намудҳои алоҳидаи корҳои хонагӣ (хизматрасониҳо) мутобиқи қоидаҳои умумии гигиенӣ-санитарӣ, инчунин шароити манзилӣ-маишии корфармо — шахси воқеӣ, танҳо бо иҷозати мақомоти маҳаллии назорати санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Корманди хонагӣ ҳатман ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта мешавад. Ҳаққи суғуртаи давлатии иҷтимоиро корфармо ва кормандони хонагӣ бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт менамоянд.

пешина
аз 496
навбатӣ