Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Ба кормандони хонагӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳ машғули корбуда рухсатии ҳарсолаи иловагӣ ва дигар имтиёзҳои тибқи қонунгузорӣ барои кормандон ва хизматчиёни ин маҳалҳо муқарраргардида, дода мешаванд.
16.8. Хусусияти танзими меҳнати кормандони хонакор
Меҳнати кормандони хонакор бо муқаррароти боби 22 КМ ҶТ танзим гардидааст. Корманди хонакор шахсе ҳисобида мешаванд, ки бо корфармо оид ба иҷрои кор дар хона бо меҳнати шахсӣ бо истифода аз мавод, таҷҳизот, асбоб ва олотҳои худ ва ё бо олоту воситаҳои аз ҷониби корфармо ҷудокардашуда, ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидорӣ шуда, барои иҷрои корҳо дар бинои шахсии худ ё ҷойи барои иҷрои кор мувофиқ, шартномаи меҳнатӣ бастааст.
Корҳои аз ҷониби хонакор амалишаванда танҳо дар ҳолатҳое иҷро карда мешаванд, ки агар вазъи саломатии кормандро халалдор насозанд ва барои иҷрои онҳо талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат таъмин карда шаванд.
Намуди кори хонакор ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона, инчунин дар давоми муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба он (шартнома) бояд муқаррар карда шавад. Намудҳои корҳои корманди хонакор, ки бевосита иҷозатномаро талаб мекунанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор