Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Меҳнати корманди хонакор, чун қоида, ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, расонидани намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва корхонаву ташкилот бояд равона карда шавад.

Номгӯй, тартиби иҷрои кор бо истифода аз масолеҳ, таҷҳизот, асбобҳо ва олотҳои шахсии корманд ва ё бо олотҳои ҷудокардашуда аз ҷониби корфармо, ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидоришуда, тартиб ва муҳлатҳои таъмини корманд барои иҷрои кор бо ашёи хом, мавод ва масолеҳи нимтайёр, номгӯй, тартиб ва муҳлати баровардани маҳсулоти тайёршуда, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳо ба корманд дар шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона муқаррар карда мешаванд.

Корманди хонакор метавонад кори дар шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона пешбинишударо бо иштироки аъзои оилааш иҷро намояд. Дар ин сурат байни корфармо ва аъзои оилаи хонакор муносибатҳои меҳнатӣ ба вуҷуд намеоянд.

Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, хусусиятҳои назорати корфармо барои риояи тартиби вақти корӣ, шартҳои таъмини бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва риояи ин шартҳо барои кормандони хонакор бо шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона муқаррар карда мешаванд.

Шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона, чун қоида дар шакли хаттӣ баста мешавад. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд шартҳои асосӣ ва иловагӣ, ки ӯҳдадориҳои тарафайнро муайян менамоянд, пурра ифода гарданд (моддаи 253 КМ ҶТ).

пешина
аз 496
навбатӣ