Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
мебарад, ба ӯ тибқи муқаррароти шартномаи басташуда ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад. Бо ризоияти тарафайн ба корманди хонакор хароҷоти дигар (истифодаи нерӯи барқ, об ва хоказо), ки ба фаъолияти истеҳсолӣ алоқаманд мебошад, низ ҷуброн карда мешавад.
Корфармо бояд:
-
шаклҳои ташкили меҳнати кормандони хонакорро такмил диҳад;
-
дар фаъолияти истеҳсолии кормандони хонакор асбобҳо ва механизмҳои нисбатан мукаммалтарро, ки имкони баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва беҳтар шудани сифати маҳсулоти истеҳсолии онҳоро медиҳанд, истифода барад;
-
таълими инфиродӣ ва такмили ихтисоси кормандони хонакорро, ки бо сабаби вазъи саломаташон бевосита дар истеҳсолот таълим гирифта наметавонанд, дар хона ташкил кунад;
-
кормандони хонакорро ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар корхона гузаронида мешаванд, ҷалб намояд;
-
тадбирҳои дигареро, ки ба татбиқи самараноки меҳнати хонакорон имкон медиҳанд, амалӣ кунад.
Намуди мушаххаси кор барои кормандони хонакор бо назардошти малакаҳои касбӣ ва вазъи саломатӣ интихоб карда мешавад (хусусияти таҷҳизот ва олотҳо, хосияти ашъёи хоми маҳсулот, тавсияи комиссияи ташхисӣ ё тиббӣ - иҷтимоӣ ба эътибор гирифта мешаванд). Ба кормандони хонакор супоридани намудҳои корҳое, ки боиси нороҳатии ҳамсояҳо мегарданд, манъ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор