Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо розигии тарафҳо корфармо метавонад, ба корманди фосилавии (дистансионӣ) дигар хароҷотҳои вобаста ба иҷрои корро (маблағи қувваи барқ, об ва дигарҳо) пардохт намояд. Тартиб, муҳлат ва дигар шартҳои меҳнати корманди фосилавӣ бо шартномаи меҳнатӣ муайян карда мешавад.

Барои кормандони ба кори фосилавии (дистансионӣ) машғулбуда меъёри давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳати бо КМ ҶТ муқарраргардида, татбиқ мегардад. Баҳисобгирии вақти корӣ барои кормандони бо кори фосилавии (дистансионӣ) машғулбуда ва хусусияти назорати риояи реҷаи вақти корӣ, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва риояи ин шартҳо, бо шартномаи меҳнатӣ муайян карда мешаванд.

16.10 ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ МАЪЮБОН

Тавре ки маълум аст дастгирии иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Барои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии ин категорияи шаҳрвандон Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонид. Дар Конвенсияи мазкур ба масъалаи ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат диққати асосӣ дода шудааст. Татбиқи ин ҳуқуқҳо ба принсипҳои пешгирии табъиз дар бозори меҳнат нисбати маъюбон, дастрасии онҳо ба шуғл, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва

пешина
аз 496
навбатӣ