Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
татбиқи амалҳои мусбат, аз қабили квотаҳо, имтиёзҳои андозӣ ва дигар ҳавасмандкуниҳо асос ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки аллакай дар ҷумҳурӣ барои тасвиби пурраи ин Конвенсия иқдомҳои фаъолона пеш гирифта шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори аҳолии ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ дар кишвари мо ба ҳисоби миёна 2 фоизро ташкил дода, Тоҷикистон дар минтақа аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ ва мутаносибан қувваҳои корӣ дар ҷои аввал меистад.
Оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар оғози солҳои 90 асри гузашта, ки ба сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсири манфии калон расонид, низоми бокортаъминсозии маъюбонро низ халалдор намуд. Дар натиҷа комбинатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои махсусгардонидашудае, ки дар онҳо маъюбон кор мекарданд, аксаран аз кор монданд ва садҳо ҷойҳои кории маъюбон барҳам хӯрданд. Ин омилҳо дар ибтидои Истиқлолияти ҷумҳурӣ мушкилоти зиёдеро дар таъмини шуғли маъюбон дар кишвар миён овард.
Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 150 000 нафар маъюб, аз ҷумла 27 000 кӯдакони маъюб, ки қариб 2 фоизи шумораи умумии аҳолиро (9,1 млн нафар) ташкил медиҳанд, расман ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, маъюбони гурӯҳи якум (1) 15493 нафар, гурӯҳи дуюм (2) 73702 нафар ва гурӯҳи сеюм (3) 34172 нафарро ташкил медиҳад18.
___________________ 18 Маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаъ: https://nafaka.tj/.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор