Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати моҳи июли соли ҷорӣ зиёда аз 6000 нафар маъюбон дар ҷумҳурӣ расман ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.
Новобаста аз ин мушкилотҳо ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ба меҳнати арзанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо амалӣ мешаванд ва ин масъалаҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд.
Барои татбиқи муқаррароти Конститутсия бо Кодекси меҳнати ҶТ, қонуни ҶТ, «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ як қатор имтиёзҳо барои маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғл пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, дар Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 қабул гардидааст доир ба хусусияти танзими меҳнати маъюбон меъёрҳои алоҳида муқаррар шудаанд (Боби 24). Тибқи он маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ ҳуқуқи бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро бо шартҳои оддии меҳнат доранд. Даст кашидан аз бастани шартномаи меҳнатӣ, гузаронидани маъюб ба кори дигар, тағйир додани шароити меҳнат бо сабабҳои маъюбӣ, роҳ дода намешавад.
Маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ аз имтиёзҳои зиёд, аз қабили истифода аз вақти кӯтоҳи корӣ (6 соат) бо нигоҳ доштани музди меҳнат, рухсатиҳои дарозкардашудаи меҳнатӣ (гурӯҳҳои якум ва дуюм 42 рӯз ва гурӯҳи сеюм 35 рӯз) ва табобати санаторию курортӣ бархурдоранд. Маъюбон дар корхонаҳо бе муҳлати санҷиш ба кор қабул карда мешаванд, ва ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор