Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилотҳо онҳо ҳуқуқи афзалиятноки дар кор монданро доранд.

Корфармоён ҳуқуқ надоранд маъюбонро ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат, ид ва ё ба изофакорӣ ҷалб намоянд. Дар сурати ба кори дигар гузаронидани маъюбон андозаи музди меҳнати пештараи онҳо бояд нигоҳ дошта шавад. Инчунин, заноне, ки дар тарбияашон кӯдакони маъюб доранд, ҳуқуқ доранд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ аз ҳамин имтиёзҳо ва кафолатҳо истифода намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” маъюбон барои касбомӯзӣ ва бокортаъминшавӣ дар бозори меҳнат ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани маъюбон дар ташкилотҳо квотаҳо муқаррар карда мешаванд, ки маъюбони корҷӯй дар ин ҷойҳои кории бандшуда бо кор таъмин мегарданд. Ҷойҳои корӣ барои маъюбон бояд танҳо бо мувофиқаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барҳам дода шаванд.

Дар қонунгузории амалкунанда барои бокортаъминсозии маъюбон имтиёзҳои андозӣ низ муқаррар шудаанд. Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳое, ки (ба истиснои корхонаҳое, ки ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ - фурӯш ва захиракунӣ машғуланд) дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз на камтар аз 50 фоизи шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, аз андоз аз фоида озод мебошанд. Инчунин, аз заминҳои ташкилотҳое, ки на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳо маъюбон мебошанд, андози замин ситонида намешавад.

пешина
аз 496
навбатӣ