Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Имтиёзҳои мазкур барои ҳавасмандсозии корфармоён ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ ба маъюбон нигаронида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи шахси мансабдор беасос ба кор қабул накардани маъюбон, ки аз тарафи хадамоти шуғли аҳолӣ тибқи квотаи муқарраргардида фиристода шудаанд, ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст.
16.11. Хусусияти танзими меҳнати ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ
Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд (моддаи 264 КМ ҶТ). Ин гуна кормандон гарчанде дар мақомоти давлатӣ фаъолияти меҳнатӣ намоянд, аммо мақоми хизматчии давлатиро надоранд.
Номгӯйи мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон) дар мақомоти давлатӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, № 194 тасдиқ шудааст. Тибқи Қарори мазкур, ба чунин кормандон асосан мудири қабулгоҳ, нозир-референт, нозир-коргузор, нозири шабака, нозири сервер, нозири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор