Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сомона, нозири бехатарии зидди сӯхтор, нусхабардор, корманди бойгонӣ, мудири китобхона, корманди китобхона, нозири бахши рухсатномадиҳӣ, хазинадор, посбон, дарбон, боғбон, гулпарвар, фаррош, ҳавлирӯб ва дигар кормандони хизматрасон дохил мешаванд.

Қонунгузорӣ барои хизматчии гражданӣ маҳдудиятҳо муқаррар намудааст. Ба хизмати гражданӣ ба мансаби ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва хоҷагӣ алоқаманд, шахси ҷинояти вазнин, махсусан вазнин содир карда, доғи судиаш бардошта нашуда, қабул карда намешаванд. Ҳамчунин хизматчии гражданӣ ҳуқуқ надорад:

  • воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ, дигар молу мулки давлатӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода намояд;

  • дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати гражданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеъ мешавад, иштирок намояд;

  • мақоми хизматиашро бо мақсади ба хизмати гражданӣ алоқа надошта, истифода намояд;

  • маълумотеро, ки сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад ва ба ӯ ҳангоми адои хизмати гражданӣ маълум шудааст, фош намояд.

Хизматчии гражданӣ дар асоси аризаи хаттиаш бо мувофиқаи байни роҳбарони ташкилотҳои дахлдор метавонад ба дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шавад.

Бо мақсади муайян кардани дараҷаи тайёрии касбӣ, сифатҳои кории хизматчии гражданӣ гузаронидани аттестатсияи онҳо пешбинӣ шудааст. Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчии гражданиро мақомоти

пешина
аз 496
навбатӣ