Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Н.Шонасридинов, Ғ.М.Бобокалонов, Р.Б.Бозоров, Ш.Сангинов, М.Маҳмудзода, Б.Т.Худоёрзода, С.Мукимӣ, Д.Ҳошимзода2 ва дигарон бо тадқиқотҳояшон доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои меҳнатӣ дар рушди ҳуқуқи меҳнат нақши назаррас доранд. Аз ҷумла, олимон Н.Шонасридинов ва Р.Бозоров соли 2006 китоби дарсии «Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми умумӣ)»-ро³ таълиф намудаанд, ки он нахуст китоби дарсии ин мавзӯъ бо забони давлатӣ мебошад.
Ҳуқуқи меҳнат амсоли дигар соҳаҳои ҳуқуқ дорои мавзӯъҳои танзим, усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳои худ мебошад.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ таърифҳои гуногуни мафҳуми ҳуқуқи меҳнат дода мешавад.
Ҳуқуқи меҳнат ҳамчун як соҳаи алоҳида ва мустақил, муносибатҳои ҷамъиятӣ-меҳнатиеро, ки оиди аз ҷониби шаҳрвандон бо ба амал баровардани қобилияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд. Гуногуншаклии моликият шаклҳои гуногуни татбиқи меҳнатро рӯи кор овард, ки бо хусусияти робитаи корманд ва соҳибмулк, дараҷаи иштироки корманд дар идоракунии истеҳсолот, шаклҳои тақсими даромад ва дигар аломатҳо алоқаманд мебошад4.
2Ниг.: Маҳмудзода М., Худоёрзода Б.Т., Мукимӣ С., Ҳошимзода Д.
Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе: «ЭРграф», 2019.-648 с.
3Ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми умумӣ). Душанбе. «Сино» -2006.
4Ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми умумӣ). Душанбе. «Сино» -2006.- 7-12 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё