Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
роҳнамои истифодаи дурусти меъёрҳо мебошанд. Онҳо дар пур кардани холигиҳо дар қонунгузории меҳнат ва дар амалияи судӣ ҳамчун дастур оид ба татбиқи ҳуқуқ нақши муҳими танзимкунанда доранд.
3.2. Мазмуни принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнат
Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.
Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии дар асри ХХ пайдошуда ва дар Паймони байналмилалии СММ аз 16 декабри соли 1966 "Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ", инчунин дар конвенсияҳо ва дар тавсияҳои гуногуни ТБМ пешбинишуда, ки онҳоро кишвари мо ба тасвиб расонидааст, барои ҳуқуқи меҳнатии Тоҷикистон муҳиманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё