Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тавре дар боло қайд гардид принципҳои ҳуқуқи меҳнат дар моддаи 4 ва дигар моддаҳои КМ ҶТ мустаҳкам гардидаанд. Бинобар ин зарур аст, ки мо онҳоро аз рӯи пайдарҳамиашон, ки дар КМ ҶТ муайян шудаанд, баррасӣ намоем.

Принсипи озодии меҳнат. Дар ҷои аввал, принсипи озодии меҳнат, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодона интихоб намудани касбу кор, ҳуқуқи ихтиёрдории қобилияти меҳнатӣ мебошад. Моддаи 5 КМ ҶТ муқаррар кардааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи кории худ ихтиёрдорӣ кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад. Принсипи озодии меҳнат, аз ҷумла ҳуқуқ ба меҳнат бо кафолатҳо илова шуда, дар меъёрҳои дахлдор, пеш аз ҳама дар боби 3 (Шартномаи меҳнатӣ) КМ ҶТ ифода шудааст. Принсипи озодии меҳнат тавассути принсипи озодии шартномаи меҳнатӣ пурра мегардад, зеро танҳо тарафҳои он ҳуқуқи бастан, тағйир додан ва бекор кардани ин шартномаро доранд.

Принсипи манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як инсон барои истифодаи ҳуқуқҳои меҳнатии худ имкониятҳои баробар дорад. Ҳеҷ кас наметавонад ба ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатӣ маҳдуд карда шавад ва вобаста ба вазъияте, ки ба сифатҳои кории корманд алоқаманд нест, ягон имтиёз гирад. Он ба принсипи конститутсионии баробарӣ (моддаи 17 Конститутсия) мувофиқ буда, ба ҳеҷ гуна маҳдудият ё

пешина
аз 496
навбатӣ