Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Принципи кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон. Ҳуқуқ ба таъмини суғуртаи иҷтимоии кормандон дар меъёрҳои КМ ҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ", қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтааст. КМ ҶТ ба кормандон дар сурати корношоямии муваққатӣ, ҳодисаи нохуш дар ҷои кор ё бемории касбӣ кафолат ва ҷубронҳоро пешбинӣ намудааст.

Принципи шарикии иҷтимоӣ. Он дар меъёрҳои КМ ҶТ оид ба шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат инъикос ёфтааст, ки он ҳам ҳамкориҳои байни шарикони иҷтимоӣ - кормандон ва корфармоёнро (намояндагони онҳоро) дар асоси ҳамкориҳои сетарафа бо иштироки мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бар мегирад. Ин принцип дар меъёрҳои КМ ҶТ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои касаба" пешбинӣ шудааст.

Принципи танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат. Ин принцип идоракунии давлатии ҳифзи меҳнатро дар бар мегирад, ки тибқи моддаи 327 КМ ҶТ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ё аз номи он мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат масъули таҳияи сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат мебошанд. Тибқи КМ ҶТ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи

пешина
аз 496
навбатӣ