Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҳуқуқии меҳнатиро дар замонҳои ҳозира, оянда ё дар гузашта ифода мекунад, ки бидуни онҳо ин дигар муносибатҳои алоқаманд, вуҷуд дошта наметавонанд. Мисол, дар сурати мавҷуд набудани муносибатҳои меҳнатӣ назорати риояи қонунҳои меҳнат гузаронида намешавад, мақомоти намояндагии кормандон (иттифоқҳои касаба) таъсис дода намешаванд, шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо ва ғайра баста намешаванд.
Ҷараёни меҳнатии кормандон мисли дигар равандҳои муштарак роҳбарӣ ва ташкил, назорати давлатӣ ва назорати иттифоқҳои касаба аз болои риояи қонунҳо ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, иштироки кормандон ва иттифоқҳои касаба дар ташкили шароити меҳнат ва татбиқи қонунгузории меҳнат ва ғайраро талаб мекунад. Ин муносибатҳое мебошанд, ки бевосита ба меҳнат алоқаманданд ва предмети соҳаи ҳуқуқи меҳнатро ташкил медиҳанд.
Ба муносибатҳои бевосита алоқаманд ба муносибатҳои меҳнатӣ ва ё аз муносибатҳои меҳнатӣ ҳосилшуда инҳоро метавон дохил кард:
- оид ба ташкили меҳнат ва идоракунии меҳнат;
- шарикии иҷтимоӣ, музокироти коллективӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;
- иштироки кормандон ва иттифоқҳои касаба дар ташкили шароити меҳнат ва татбиқи қонунгузории меҳнат дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё