Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Агар ин ҷо Арабистон намешуд, ба ӯ навъе карда мефаҳмонам, ки дар мамлакати мо дин озод аст, аммо озоди ба ҳалокат маҳкум. Ҳукумат ба дин ё диндорон коре надорад, баръакс дар мавридаш кумак мерасонад. Масалан, дар ҳар республика, дар Маскав Совети оид ба корҳои динӣ ҳаст, ки ҳуқуқи диндоронро муҳофизат мекунад, робитаи намояндагони динҳои мусулмонӣ, насронӣ, яҳудӣ ва буддоиро бо мамлакатҳои хориҷа, саёҳати онҳоро ба он ҷойҳо ташкил мекунад, ба нашри адабиёти динӣ ёрӣ мерасонад ва ҳоказо. Пас мусулмонони мо ҳам чун гражданини СССР ҳамаи ҳуқуқҳоро доранд, ҳамчун шахси диндор аз имтиёзоти иловагӣ истифода мебаранд.
Аммо гуноҳи касе нест, ки дин рӯз то рӯз аз заминаи худ бештар канда мешавад. Мусобиқаи илм, санъат, техника ва умуман ҳаёти навбунёд аз як тараф ва дину хурофот аз тарафи дигар давом дорад. Гарчанде дар ин мусобиқа тарафҳо баробар ҳаққи вуҷуд доранд, вале қувваҳо нобаробаранд. Охир, инсоф кунед, магар баъди парвози даҳҳо мушакҳои фалакпаймо ва киштиҳои кайҳоннавард аз афсонаи дин, ки осмонро мисли гунбази пурҳайбати чун тағораи хамир ба сари олам парӯ кардашуда таъриф мекунад, таъсири бисёр боқӣ мемонад? Магар дар пеши муъҷизае ки масалан, мо, духтурҳо ҳар рӯзу ҳар соат ба ҳазорон одамон нишон медиҳем, тӯмору тилисмбанду даму дуои муллои кӯрсавод таъсири худро бетағйир нигоҳ дошта метавонад?
Ҳар мусулмоне ки дар диёри худам ба назди ман меояд, дигар бо ақидаи мустаҳкамшу да ба илми тиб меояд. Вай то ба табобатхона омадан бешубҳа, шабҳои бисёре ба даргоҳи худованд бо талаби шифо илтиҷо бурда буд. Пас эътиқоди ӯ ба ёрии худованду дуои мулло ба якбора суст нашуда бошад ҳам, ақаллан рахнае пайдо кардааст. Мо ӯро дар ду-се моҳ асп барин бақувват карда, ба ҳаёти мӯътадил бармегардонем.
Воқеан, ӯро дида, мулло боз каромот мекунад, ки худо шифо додааст. Духтур фақат сабаб шудаасту бас.
Ана ҳамин гуна мусобиқа қариб ним аср инҷониб давом дорад. Охир, дар бадали даҳҳо сол одам тағйир наёфта намемонад-ку.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё