Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Одамони мо китобу журнал мехонанд, танбалтаринашон ҳам ақаллан радио гӯш мекунанд.
Мегӯянд, ки дар мамлакати мо 15 миллион мусулмонон ҳаст. Агар ҳамаи ин мардум ба дараҷаи мардуми Туркия ё Арабистон аз дунё бехабар мешуд, албатта, шумораи ҳоҷиҳои мо имрӯз ба 24 ҳазор не, балки ба 30-40 ҳазор ҳам мерасид.
Касе ки имрӯз дар шаҳри ман аз масҷид, калисо ё синагога ба кӯча мебарояд, бардавом набошад ҳам, ақаллан чанд дақиқа дар ин замин ва замонаи аҷиб, ки ҳаётро бо суръати бемисоле пеш меронад, худо ноҳинҷор ҳис мекунад.
Агар ҷои дигар мешуд, ҳамаи ин гапҳоро ба он марди бадқавоқ рӯирост мегуфтам. Афсӯс, ки ростгӯӣ на дар ҳама ҷо як хел натиҷа меорад.
… Қариби соати 20 ба намози пешин рафтем. Ҳо, вақту соати Арабистон ба худаш хос аст. Ҳарчанд ки офтоб ба қиём акнун наздик мешавад, ҳарчанд ки соати кишварҳои дар ин хатти тӯл воқеъгашта ҳозир 13 аст, дар Маккаи мукаррама соат 20 шудааст. Ман аҳд кардаам, ки чуну чаро нагӯям.
Ривояте ҳаст, ки нимаи рӯзи 10-уми моҳи муҳаррами соли 61-уми ҳиҷрӣ, яъне рӯзи кушта шудани имом Ҳусайн (писари ҳазрати Алӣ ва Бибӣ Фотима) гӯё 72 соат кашол шуда бошад.
Агар ба касе гӯед, ки ҳой мусулмон, ин гап дуруст нест, ҳеҷ гоҳ рӯзу шаб ба муносибати таваллуд ё вафоти касе дарозу кӯтоҳ нашудааст ва намешавад; қонуни айём фақат ба низоми ҳаракати ҷисмҳои коинот мувофиқ аст; ҳамин тавр гӯеду қандатонро занед. Шумо суханатонро ҳанӯз тамом накарда, мебинед, ки кайҳо шуморо кофир эълон карда, сангсор карда куштаанд.
Аммо сангсор шуда мурдан дар нақшаю нияти ман нест.
Банда на фақат худамро бояд саломат ба ватан бирасонам, балки кӯшиш кунам, ки ҳамаи ҳамсафарон низ сиҳат-саломат бо номи баланди ҳоҷӣ ба масҷидҳои худ баргарданд.
Қориака пеш аз дохил шудан ба каъба дуои духули каъбатуллоҳро такрор карданд. Баъд кафшро кашида ба даст гирифтанд. Ҳама чунин карданд.

пешина
аз 247
навбатӣ