Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Оллоҳназарқорӣ мадрасаи мазкурро панҷ сол қалб аз ин тамом кардааст. Вай дар яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна имоми масҷиди ҷомеъ мебошад.
Гоҳо мешавад, ки кас аз хоб бедор шуда, воқеияти атрофи худро дарҳол дарк карда наметавонад. Ман чанд лаҳза дар гумон будам, ки ҳанӯз дар хоб ҳастам. Ин ҷо меҳмонхонаи Маскав аст, мегуфтам худ ба худ. Ман духтури тоҷик Қурбон Маҷидов. Хайр, киву чӣ будани ман дар ин ҷо чӣ аҳамият дорад? – мепурсидам боз аз худ. Ҳа, мехостам бигӯям, ки ин ҷо Маскав аст ва ман дар меҳмонхонаи Маскав хобидаам, мо пагоҳ-фардо ба ҳаҷ меравем, ҳамхонаҳои ман намоз мехонанд.
Мехостам бигӯям, ки ман бедорам.
Чандин соли умри ман дар Маскав гузаштааст. Дар кӯчаву магазинҳои Маскав не, дар лабораторияҳои институт ва клиникаҳои ин шаҳр, дар ҳузури духтурҳои ботаҷриба, дар суҳбати донишмандони илми тиб. Чашмамро бандед ҳам театру музейҳо, залҳои консертӣ, кӯчаҳои ҳамеша ботаровати ин шаҳрро ба осонӣ пайдо карда метавонам. Бисёр шудааст, ки дар ягон гӯшаи кишвари худ мегаштаму банохост шамоли нарму хушбӯи вестибюлҳои метро ба димоғам мезад ё садои поезди ба тоннел даромада рафтаистодаи он ба гӯшам мерасид.
Ҳарчанд кирдору хулқу атвори ҳамсафарони ояндаамро ба худ даҳҳо маротиба тасаввур карда будам, ҳоло шунидани тиловати қуръон маро як дараҷа гаранг карда буд.
Бародари ман коркуни радио асат. Боре бо коре ба пеши ӯ ба студияи радио рафтам. Вақт ба консерти пешинии барои коркунони хоҷагии қишлоқ наздик шуда буд. Ҳофизон, созандагон дар зали студия чақ-чақ карда менишастанд.
Тасодуфан яке аз дарҳои студияро кушода дидам, ки ҳофизи миёнсоле дар мобайни аппаратҳои нави идоракунандаи овоз, мошинҳои мукаммали овознависӣ ба рӯи қолини фарш газетаеро паҳн карда намоз мехонад.

пешина
аз 247
навбатӣ