Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ин манзара маро ба ҳайрат андохта буд, вале на ба ин дараҷае ки ҳоло тамом моту маҳбут гаштаам.
Темурҷонқорӣ ва Оллоҳназарқорӣ ба бистарҳои худ даромада хобиданд. Ман ба кӯча баромадам. Мошинае кӯчаҳоро рӯфта тоза мекард. Ягон-ягон роҳгузарон ба назар мерасиданд. Як села зоғони сиёҳ дар болои гунбади сабзи калисои куҳна қар-қаркунон болафшонӣ мекарданд. Ин ҷо даҳпонздаҳ сол муқаддам, аз афти кор, деҳаи одии назди Маскав будааст ва онро аз чӣ сабабе Малая Москва, яъне Маскави Хурд мегуфтаанд. Ҳоло биноҳои меҳмонхонаи Виставка, хонаҳои истиқоматӣ бо майдону хиёбонҳои барҳавояшон ҳама ҷойро банд кардаанд. Фақат ҳамин калисои сабз дар мобайн чун ёдгории замони гузашта мондааст.
Ба проспект баромада, пиёда сайркунон гаштам. Он рӯз 22 апрел буд. Мардум рӯзи таваллуди Ленинро қайд мекунанд.
Пионерони мактаби ҳафтуми Душанбе он рӯз писарчаи калони маро ба пионерӣ қабул мекарданд.
Вақте ки ба хона баргаштам, ҳамсафаронам машғули ношто буданд. Оллоҳназар рӯймоли миёнбандашро ба рӯи миз паҳн карда, миқдоре қанди бурида ва кулчаҳои аз хона овардаашро рехта буд. Нону қанду чой тановул мекарданд.
Ҳоҷиҳо то даме ки дар Маскав буданд, аз хӯроки буфету ошхонаҳо истеъмол намекарданд. Субҳ ва шом дар хонаҳои худ нону чой мехӯрданд. Таоми нисфирӯзиро ё ба ресторани «Ӯзбекистон» рафта мехӯрданд, ё ба ресторани «Боку». Ба қавли онҳо фақат дар ин ду «ошхонаи мусулмонӣ» хӯроки ҳалолу покиза буду бас.
Ман ҳам аз буфет ҷурғот ва тухми ҷӯшондагӣ овардам.
Якҷоя таҳтӯл кардем, вале суҳбати мо шира намегирифт.
Оре, то қаробат пайдо кардан бо Исрофил ман дар гурӯҳи ҳаждаҳнафарӣ худро танҳо ҳис мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё