Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

забони тоҷикиро мефаҳманд, чунки омӯзиши осори шоирони бузурги форсу тоҷик дар программаи мактабҳои динӣ ҳам ҳаст.
Не, нагуфтан беҳтар аст. Духтур шуда истода, асаби ҳамсафаронро вайрон кардан дар ҳақиқат аз инсоф нест.
– Чаро русӣ гап назанем? – аз ҷоям хеста, рӯ ба он тарафи палос оварда пурсидам.
– Намедонед «чаро»?
– Не.
– Забони кофирҳо буданашро намедонед?
– Биступанҷ-сӣ сол пеш ҳамин хел як гапро шунида будам.
Фаромӯш шудааст. Дигар донишмандеро ҳам вонахӯрдаам, ки хотиррасон кунад.
– Фаромӯш накардан даркор-дия.
– Имрӯзҳо сарам фақат бо фикру зикри ҳаҷ банд аст. Ҳама андешаҳои дигарро фаромӯш кардаам. Ба ғайр аз як чиз, мулло Абдурозиқҷонака, ба ғайр аз ҳамин ки боз чанд рӯз мегузараду ба Ватани худамон бармегардем. Дар ин ҷо, худоро шукр, Ҳокимияти Советӣ ҳаст, озодӣ гуфтанӣ чиз ҳаст.
Арвоҳ занад, як маънои озодӣ ҳамин ки хоҳед ба забони молдавӣ гап мезанед, хоҳед ба қирғизӣ. Он ҷо миллаттароширо бинои салтанат не, ҷиноят мешуморанд.
Ман торафт оташ гирифта гап мезадам. Исрофил аз домани юбкаам кашида, нишонданӣ мешуд.
– Ҷанобон, – нимхез шуда ба гап ҳамроҳ шуд ҳазрати Наримон, – ҷанобони муҳтарам! Имрӯзҳо баҳсу мунозира кардан гуноҳ аст. Не нагӯед, гуноҳ аст.
– Рост мегӯянд, нағз не, духтурҷон, – луқма партофт Мулло Ӯроқака.
– Ман сар накардаам.
– Абдурозиқҷонака, шумо одами қизиқ. Чӣ лозим ҳамин гапҳо? – ба ҳарифи ман рӯй овард Мулло Ӯроқ.
– Акнун ки гап кушода шуд, боз як чизро гуфта монам, – нутқи бемаҳаламро давом медодам ман. – Шумо медонед, ки ман тоҷикам. Забони модариам тоҷикист, забони Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳофиз, Камол, Фирдавсию Хайём аст ва ба он забон даҳҳо миллион мардум ҳарф мезананд. Ман аз ин фахр мекунам, лекин касе дар ҳаққи ҳар як забони дигар бадгӯӣ кунад, бадтарини кофирҳо медонам.

пешина
аз 247
навбатӣ