Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Абдурозиқҷонака, ман ба шумо гуфта истодаам, минбаъд ҳам бо ҳар ки хоҳам, ба забони русӣ гап мезанам. Аз ин забон ба кӯрнамактарин инсонҳо ҳам фақат шарофат расидааст, аммо барои фаҳмидани ин ҷасади холӣ кифоя нест.
Махсум кинояро ночор фурӯ бурд ва дам назад. Дигарон низ луқма намепартофтанд, сокит ва ноҷунбон бо сари хам гӯш карда менишастанд. Дар Ватани худамон чӣ қимате доштани миллаттарошӣ хело бамаврид хотиррасон шуда буд. Аз хаймаи сардорон тарҷумон баромада, ба сӯи мо чанд қадам гузошт ва Мулло Абдурозиқро ном гирифта гуфт, ки Қориака ҷеғ мезананд. Ду-се дақиқаи дигар дар хомӯшии гарон гузашт.
Баъд Темурҷонқорӣ, Оллоҳназарқорӣ ва ҳазрати Наримон низ хеста ба он сӯй рафтанд.
Сумкаро ба таки сарам монда, дар паҳлуи Исрофил дароз кашидам.
Осмони пурситора хеле наздик менамуд. Гӯё даст ёзонед, якбора ба чанд ситора мерасида бошад. Аммо аз он ки даст ба осмон бирасад, сад бор авлотар аст, ки ба дӯст, ба рафиқи ҳаммаслаке расад.
Лаънат ба касе ки аз ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибӣ, ба касе банда шавад.
– -гуфта мешавад дар як суруди халқӣ. Ба муҳити фосиде афтода, аз ҳар кару кӯру сангу кулӯх гап шунидан аз бандагӣ тафовути бисёр надоштагист.
Агар имкон бошад, кас дар сафари хориҷа ягон нишонаи мамлакати худро доимо бардошта гардад. Ҳар махлуқ шуморо дидан замоно фавран ба ёдаш расад, ки шумо аз Иттифоқи Республикаҳои Советӣ ҳастед, 72 миллати Ватанатон бо ҳамаи иқтидори худ, бо мушакҳои ҷаҳонпаймоӣ баллистикиаш пушту паноҳи шумост. Вагарна замин ҳоло басе зотҳоеро бар дӯши худ бардошта давр мезанад, ки забони мантиқ ё сабақҳои таърих дар назари онҳо хас барин қурб надорад; эшон фақат дар пеши неруи аслиҳа ё қудрати ҷисм сари эътироф хам мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё