Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Бас кун, лаққӣ. Гӯш андоз. Ҳазрати Одаму ҳазрати Момо Ҳавво аз он қадар масофа, бешубҳа, аз ҳам ҷудо меафтанд ва дар бадали чандин ҳазор сол ҳамдигарро ҷустуҷӯ мекунанд…
– Бечораҳо!
– … ва, ниҳоят ана дар ҳамин кӯҳ ба дидори ҳамдигар мерасанд.
– Хеле гурусна мондагистанд?
– Набошад чӣ? Ба ривояте – 21 ҳазор сол, ба ривояте – 40 ҳазор сол якдигарро меҷустаанд.
– Хуб боҳавсала будаанд. Лекин аз ғояти гуруснагӣ ҳангоми мулоқот барои бӯсу канор ҳам мадор надоштагистанд?
– Эҳтимол. Мегӯянд, ки ҳазрати Одам хеле аз ҳол рафта будаанд, аммо ҳазрати Момо Ҳавво, ки аз вохӯрӣ хазор сол пеш якта мавиз ёфта хӯрдаанд, назар ба шавҳарашон бардамтар будаанд.
– Мавизро аз куҷо ёфтаанд?
– Инашро намедонам, ҷӯра. Шояд аз коми ягон фариштаи даҳоняла афтодагист. Дар ривоятҳои муқаддас бисёр нуктаҳо ҳастанд, ки ба фаҳмиши онҳо қудрати мийяҳои лойолуд намерасад.
– Рост. Ғайр аз ин пайғамбар ҳам фармудаанд, ки бандаи муъминро кунҷковӣ намезебад.
– Не, инро худи парвардигор гуфтааст. Вай дар қуръони маҷид нависондааст: «Бандаҳои муъмин, аз нуктаҳое ки агар ошкор созамашон, нороҳат мешавед, ҳаргиз мапурсед!»…
Саиди роҳбалади мо қуттии ананасро дар болои ходачӯб ҷарангосзанон аз пешам гузашт ва ман ҳам аз дунболи ҳамсафарон ба роҳ афтодам.
Шаш нафари моро аз хаймаи ҳоҷиёни яманӣ ҷой доданд.
Дар хайма ду ҷавони тахмин 24-26 –солаи яманӣ бо занҳои худ ҷой гирифта буданд. Аз миёни хайма тор кашида, нисфи онро бо латтаи рӯйҷомонанд пӯшида, ба ҳарам табдил додаанд.
Яке аз ҷавонон муаллим будааст ва ба забони англисӣ чаланимкола гап мезадааст. Ҳамгап шуда, ному насаб, касбу кор ва диёри ҳамдигарро фаҳмидем. Муаллими яманӣ аз ҳарами худ як шадда банён бароварда дод, ки бихӯрем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё