Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Исрофил оини ҳамсоягиро риоя карда, ба ӯ як қуттича ҳалвои пистагӣ дод.
Муддате аз паси парда мунозираи ду зану ду шавҳар ба гӯш мерасид. Сипас муаллим ба «нимаи советии» хайма гузашта, қуттичаи ҳалворо нишон дода пурсид:
– Чаро дар ин ҷо расми сагро кашидаанд?
Ба ҳалво ҳанӯз даст нарасонида буданд. Аз қиёфаи ҳамсояамон пай бурда мешуд, ки ӯ аз ороиши зарфи ҳалво чандон хушнуд нест.
– Ин сурати Лайка ном саг аст. Нахустин ҷонваре ки ба осмон…э-э ба коинот парвоз кардааст.
– Ҳо? Лайка? Саги космонавт? – бо хурӯше гуфт ӯ ва дар ҳолате ки ба чеҳрааш як мароқи шодиомези кӯдакона акс ёфта буд, шитобон гӯшаи пардаро бардошта, ба ҳарамаш даромад.
Ҳаво дақиқа ба дақиқа гарм ва дим мешуд. Реги биёбон тасфида ҳаври сӯзоне мебаровард. Аз сақфи хайма низ ҷараёни гармо фурӯ мерехт. Аз радиодинамикаҳои дар ҳар ҷо ба нӯки ходаҳо устувор кардашуда тиловати қуръон шунида мешуд.
Радио хомӯш шуда буд, ки яманӣ ба назди мо баромада, вазифаи муаллимиро ихтиёрӣ ба уҳда бигирифт ва ҳаҷномаро бо овози баланд хонда, фармуд ки ҳама аз паси ӯ такрор кунанд.
Ҳама такрор мекарданд. Аз хаймаҳои атроф ҳамин гуна садои ибодат ба гӯш мерасид.
– -… ва оқибати умрро ҳаргиз аз ёд набарем, – мехонд муаллими яманӣ.
– … ва оқибати умрро ҳаргиз аз ёд набарем, – тӯтивор такрор мекардем мо.
– … ва пайваста дар ғами имон бошем, – мехонд ӯ,
– … ва пайваста дар ғами имон бошем, – дод мезадем мо.
Сонӣ аз радио касе дар бораи ҳаҷҷи имсола ваъз гуфт.
Маълум шуд, ки ҳаҷҷи имсола ҳаҷҷи одӣ не, ҳаҷҷи акбар, яъне ҳаҷҷи кабир будааст. Дар ҳар чанд сол, ҳамин ки санаи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа, яъне рӯзи иди қурбон ба рӯзи ҷумъа рост омад, ҳаҷҷи акбар мешудааст.
Ба Исрофил гуфтам, ки ман дар рӯзи иди қурбон таваллуд ёфтаам. Ба шарафи ид маро Қурбон ном додаанд. Ин хабар ба ҷӯраам таъсири аҷибе бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё