Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ӯ, ки то ҳоло дар паҳлуям нишаста буд, аз ҷо бархоста, аз рӯ ба рӯям ба зону нишаст, муддате табассумкунон ба андомам нигоҳ карда истод, сипас наздиктар омада аз китфҳоям сахт оғӯш кард ва аз хайма баромад. Аз зуҳуроти ногаҳонии меҳри мулло гаранг шуда мондам.
– Ҳой ноиб, – фарёд кардам аз пасаш, – аз саидон бипурс, ки имрӯз хӯроке медиҳанд ё на.
Аммо ӯ нашунид. Банда сахт гурусна будам. Обу арақи сару рӯямро бо як гӯшаи эҳром пок карда, берун баромадам.
Агар авлодони пайғамбар моро боз чанд рӯзи дигар ба ин сон парво кунанд, агар қоидаи «ҳар ки чолок бувад, аз ғами нон пок бувад» дар сари дастархони гурӯҳи мо боз як ҳафтаи дигар ҳукм ронад, «он дунёе» ки мо ҳоло барои савоб муваққатан меҳмонаш шудаем, ба манзили доимиамон табдил хоҳад ёфт.
Дар байни хаймаҳо роҳ ёфта қадам мондан маҳорати махсус талаб мекунад. Хаймаҳо аз ҳамдигар зиёд бошад, ба масофаи ду-се газ рост карда шудаанд. Дар ҳар қадам чандтоӣ мехи чӯбин кӯфта, таноби хаймаҳоро рӯиҳам кашидаанд. Ё аз болои танобҳои ба ҳам печида меҷаҳед, ё даст ба реги сӯзон ғӯтонида чорпоя шуда аз такаш мегузаред. Ин кор аз марди юбкапӯш чолокӣ ва матонате талаб мекунад.
Ҳар як ё ду хайма таҳоратхона ҳам дорад: дар ҳамон як каф замини холимондаи байни хаймаҳо чор ходаро рост карда, матоеро ба гирди онҳо печонидаанд. Барои таҳорат ва эҳтиёҷи дигар паногоҳе ба вуҷуд омадааст, ки одам ба зӯр мегунҷад.
Дар ҳавои гарм бӯи таҳоратхонаҳо ба атроф паҳн шуда, ба азоби гармо илова мегардад ва хизмати сад чӯби болои мурдаро адо мекунад.
Қуръони шариф мегӯяд, ки фардо қиёмат, яъне дар рӯзи маҳшар ҳамаи мурдаҳои наву кӯҳна аз бонги шайпури ҳазрати Исрофил як қад парида мехезанд. Азоб ва сарсониву саргардонии рӯзи маҳшар чунон фаровон аст, ки бародар бародарро нахоҳад шинохт, падар писарро ва модар духтарро.
Инак, боз як аломати он дунёро дар сари кӯча мебинам: дар он ҷо мошини систернадоре қарор гирифтааст. Аз ҷурмаки қафои он ба ҳоҷиён об тақсим мекунанд.

пешина
аз 247
навбатӣ