Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
КАСБИ ТОЗА
Субҳидами панҷуми май маро Саид Абдуллоҳи Кӯшак бедор карда гуфт, ки дарав хезед, беморе ҷон меканад.
Аз ҳавлии манзил гирифтаи мо то сари кӯча хаймаҳои рангоранг рост карда буданд. Дар даромадгоҳи яке аз ин хаймаҳо марде рӯи бӯрё мехобид. Зани чодарпӯше дар сари мард нишаста, фиқ-фиқ гиря мекард. Дили бемор кайҳо аз кор монда буд. Зуд аз сари бемор бархостани моро дида занак фарёди дилхароше баровард. Дар сукунати саҳаргоҳ фарёди ӯ басо даҳшатангез буд.
– Чӣ шудааст? Чӣ тавр аҳволаш? – пурсид Саид Абдулло.
– Дер шудааст.
– Худо раҳмат кунад.
Аҳволи қорӣ Мушарраф дина чандон сабук набуд. Дарди шикам дар ду рӯзи гузашта ӯро тамом бемадор карда буд. Ман аз марги ҳоҷии бегона ба ташвиш афтода, ба сари болини ҳамсафари пир шитофтам. Хайрият, имрӯз чеҳрааш равшантар менамуд. Аз таоми нобоб парҳез карданашро такроран таъкид намудам. Бо Саид Абдуллои Кӯшак низ суҳбати дуру дарозе карда, ӯро ба пазондани хӯроки алоҳида барои бемор розӣ кунонидам.
Мо акнун бо либоси худ мегаштем ва ҳоҷиёни дигар моро аз тӯппиҳоямон шинохта, ҳамгап мешуданд. Ҳамроҳи Исрофил дар растаи тоҷирон сайругашт мекардем, ки яке аз ҳамватанони собиқ салом дода, пурсупос кард ва ҳардуямонро ба гӯшае кашола карда гуфт:
– Якта соат харидам, ҳаминро як медидед…
– Мо соатсоз нестем-ку, – ҳайрон шудем мо.
– Соатсоз будан шарт не, ҳамту бинед мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё