Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Мард аз бағалкисааш соати тиллои мардонаро бароварда, ба дасти мо дод. Исрофил ба ҳар тарафи он зеҳн мемонд.
– Соати хуб, писари ман ҳамин хел соат дорад. Бисёр нағз мегардад, – гуфт ӯ ва чуноне ки қабл аз ин ҳам писари худро ба ёд оварда, хотираш парешон мешуд, чеҳрааш тира ва нигоҳаш андӯҳгин гардид.
– Нағз гаштанашро худам ҳам дида истодаам. Шумо гӯед, ки тиллои асил аст ё не. Ана ин ҳарфҳои майдаи фарангиро мо хонда наметавонем.
Соат аз маркаи «Полёт» буд. Ба мардак фаҳмондем, ки онро заводи соатсози Маскав баровардааст, тиллои ҳақиқист, хотирҷамъ бошад.
Гурӯҳи моро яке аз собиқ муҳоҷирон Абдулло Фатҳии намангонӣ ба меҳмонӣ даъват кард. Ба хаймаи ӯ рафтем.
Дастурхон кушода, обу мева, нону чой оварданд. Абдулло Фатҳӣ додар ва бародаронашро шиносонид. Қориака ҳар яки моро ба мизбонон алоҳида-алоҳида шинос карданд. Бародари мизбон, ки дар паҳлуи ман менишаст, бо ифтихор гуфт, ки писари калони ӯ тайёрарон аст, писари хурдиаш Абдулазиз омӯзишгоҳи полисро ҳамин сол тамом мекунад. Ман гуфтам, ки падари чунин фарзандони қобил бояд хушбахт бошад.
– Алҳамдулиллоҳ, шукри бешумор ба даргоҳаш! – гуфт ӯ ва каме таваққуф карда бидуни робитае бо он чи ки қабл аз ин гуфта мешуд, пурсид:
– Хӯш, дар мамлакати шумо мубориза бар муқобили хурофот чӣ тавр аст?
– Бад нест. Дар ҷое ки иморати нав месозанд, боқимондаҳои иморати фарсударо одатан рӯфта мепартоянд.
– Ашъори Низомию Бедил ва Саъдию Навоӣ чизи нодаркор нест-ку?
– Бубахшед, вале ин гапи шумо ҳам нав нест. Кӣ гуфт, ки осори Саъдию Навоӣ ва дигар бузургони гузаштаи мо боқимондаи нолозимест?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё