Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Нияти хуб.
– Агар пулашро аз ин ҷо диҳам, ба ӯ аз он ҷо сайёра медиҳанд?
– Дар масъалаҳои савдо балад нестам. Хуб мешуд, ки ин чизро аз Қориака, ё тарҷумони мо Абдусамадака бипурсед.
Саволу ҷавоб тамом шуд. Исохоҷа боз қиёфаи пештараашро гирифт. Қиёфаи аз вироқу салабот саршори шахсе ки ҳатто бо одами ҳаммартаба ҳарфе гуфтанро ор медонад. Қиёфаи одамоне ки қоматашонро ҳамеша рост дошта, чун ҳайкали ифтихор қадам мезананд ва агар дар умри худ боре табассум кунанд, гумон мекунанд, ки навъи башар аз илтифоти онҳо бояд акнун то абад миннатпазир бошад.
Дар назди даромадгоҳи манзили Зайнӣ Кӯшак ӯ абруи худро саҳле ҷунбонида, бо ҳамин ишорат хайрухуш кард.
– Кист ин амиралмуъминин? – пурсид Исрофил, ки дар болои зинаи манзилгоҳамон маро мунтазир менишаст.
– Исохоҷа, собиқ ҳамватани мо, ки ҳоло дукон, автомобил, зан ва ғуломи бисёре доштааст.
– Ҳа-а. Ин хел по партофтанаш беҳуда набудааст-ку.
Дар сояи иморат даме нишастем. Аз тарафи кӯча Қориака, се пирамард ва аз ҳама қафо тарҷумону Оллоҳназарқорӣ намоён шуданд. Сарвазир амир Файсал ду рӯз боз дар Минои муборак будааст ва инҳо ба қабули ӯ рафта будаанд.
Оллоҳназар дар пеши мо каме таваққуф карда, аз маросими қабул ҳикоят кард.
– Амири аъзам бо дигарон ду-се дақиқагӣ суҳбат мекарданд. Аммо ба мо дувоздаҳ дақиқа бахшиданд, – гуфт ӯ. Аз чашмони қорӣ барқи шодӣ бармеҷаст.
Дар сари пайроҳа акнун ҷуссаи гарони мулло Ӯроқака намоён шуд.
– Қурбон, – гуфт Исрофил, – мехоҳӣ як пешгӯӣ кунам?
– Ку, бубинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё