Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
ҲАҶ МУБОРАК!
Аз кӯчаҳои нимхолии Мино гузашта, ба сӯи Маккаи мукаррама меравем. Мизбонони мо ба ҳисобу китоби хароҷот ва ситонидани доллару риёл устухон надошта бошанд ҳам, кор ба сари хизмат расад, ҳаҷар мемондаанд. Худамон пиёда автобус меҷӯем. Хайрият, пои ман сиҳат шуд ва бе асо гашта метавонам.
Савдогарон дукону хайма ва чатру палосҳошонро ғундоштаанд. Акнун ба тамошои ҳусни идгоҳ чизе халал намерасонад. Ҳама ҷо, ҳар пораи замин, ки ба мадди назар мерасад, пур аз пӯсту калла-поча, шикамбаву рӯдаи пӯсида ва тӯда-тӯда устухони ҳайвонот. Паскӯча ва пайраҳаҳои байни ду кӯчаи калони мутавозии Минои муборак пур аз наҷосат. Эҳтиёт нашуда қадам гузоштан хатарнок аст ва кас маҷбур мешавад бо як даст латтае ба бинии худ дошта, пайваста ба пеши по чашм дӯхта, чида-чида пой монад. Азбаски дасти дигар бо чатру сумка ва абри магас дар болои сар мунтазам ғуввос мезанад, кас водор мешавад, ки дар айни замон каллаи худро ба ҳар сӯ афшонда ва такон дода роҳ паймояд.
Шайтонкӯбии савум ва охирин сардакак гузашт. Зоҳиран, мазҳакаи маросим акнун ба идроки мардум, ниҳоят, расида буд.
Ба таъйиноти боисрор нигоҳ накарда, яке аз қориҳои пир машкоби кӯчагиро нигоҳ дошта, об нӯшиданист. Дар Минои муборак ҳам се рӯз боз таъкид мекунам, ки аз кӯча оби хом нанӯшанд, чой ё кока-кола бинӯшанд. Ҳо, камина тарғиботчии кока-кола шудаам. Агар соҳибони ширкати кока-кола рӯзе аз ин кори ман огоҳ шаванд, эҳтимол, дар ягон гӯша ба номи табиби советӣ ҳам лавҳаи миннат гузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё